Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд

Имрӯз, 18-уми майи соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки дар он ҷавонони фаъоли кишварҳои узви ИДМ ва СҲШ иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, форуми мазкур то 20-уми май идома ёфта, дар он 25 нафар ҷавонони пешқадами кишвар бо роҳбарии Раҳимзода Шабнам, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

— Ҳадафи форум тақвияти фаъолияти ҷавонони Осиёи Марказӣ буда, барои табодули таҷриба ва амалигардонии роҳҳои нави татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамояд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.