Ҷазо барои рафтан ба назди фолбину ҷодугар
Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон пешниҳод кардааст, ки барои рафтан ба назди фолбин, ҷодугар ва сеҳрдон ҷазо таъин карда шавад. Агар ин пешниҳод қабул шавад, муштариён аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 375 то 750 сомонӣ) ҷарима мешаванд.
Тавре ки Вазорати корҳои дохилии кишвар қаблан хабар дода буд, мақсад аз чунин чораҳо пешгирӣ аз густариши бовар ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ мебошад.
Соли гузашта барои машғул шудан ба фолбину ҷодугарӣ ҷарима то 100 нишондиҳанда ва ҳабси маъмурӣ аз 10 то 15 шабонарӯз пешбинӣ шуда буд.
То ҳол маълум нест, ки чанд нафар ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват шудаанд. Агар тағйироти нав қабул шавад, истифодаи хизматрасонии сеҳрдон ва ҷодугар низ ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шомил хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ