Риши Сунак

Ҷазои сарвазири Бритониё. Риши Сунак камарбанди бехатариро набастааст

Сарвазири Бритониё Риши Сунак барои набастани камарбанди бехатарӣ ҳангоми нишастан дар курсии мошине ҷарима шудааст.

Бино ба иттилои пулиси Ланкашир, “ҷарима барои камарбанди бехатарии бастанашуда дар мошини ҳаракаткунанда 100 фунт (тақрибан 8,5 ҳазор рубл) аст ва агар вайронкунанда ба додгоҳ муроҷиат кунад, аммо гунаҳкор дониста шавад, он метавонад то 500 фунт стерлинг афзоиш ёбад”.

Дар баёнияе гуфта шудааст, ки Сунак «ба таври комил иштибоҳи худро эътироф мекунад ва узр мепурсад» ва ҷаримаро пардохт мекунад.

Гуфта мешавад, ки нахуствазир ҳангоми наворбардории навори таблиғотӣ дар Ланкашир дар бораи барномаи рушди минтақавии ҳукумати Бритониё камарбанди бехатарии худро боз кардааст.

Ин дувумин ҷаримаи Сунак дар замони дар ҳукумат буданаш аст. Моҳи апрели соли гузашта ӯ ҳамроҳ бо Борис Ҷонсон ва ҳамсараш Кэрри барои вайрон кардани қоидаҳои карантин дар давраи пандемия ҷарима шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.