Ҷиноят дар сохторҳои ҳарбӣ коҳиш ёфтааст

Прокурори генералии Тоҷикистон генерал-лейтенант Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки сатҳи ҷиноят дар сохторҳои ҳарбии кишвар коҳиш ёфтааст.

Воҳидзода гуфт, ки масъалаи озору шиканҷаи сарбозон, латукӯби сарбозон, фирори онҳо, даст ба худкушӣ задан ва умуман вазъи ҷинояткорӣ дар сохторҳои ҳарбӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа аст. Ӯ гуфт, ки вазъи ҷинояткорӣ дар сохторҳои ҳарбӣ дар соли 2024 ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

“Аз ҷумла латукӯби сарбозон 1,9%, фирори онҳо 34%, фавт 40%, худкушӣ 25% коҳиш ёфтааст. Ин нишондод мусбат аст”, – гуфт Воҳидзода.

Дар мавриди рақамҳои мушаххаси сатҳи ҷинояткорӣ Воҳидзода гуфт, ки омори сохторҳои ҳарбӣ дар режими махфӣ қарор дорад. “Аз ҳамин фоизҳое, ки пешниҳод кардам хулоса бароред, ки сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст”, – гуфт Прокурори генералӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *