Ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 89 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 285 ҳолат бештар аст. Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар кишвар 11 ҳазору 804 ҷиноят сабт шуда буд.

Таъкид гардид, ки сатҳи ошкоршавии ҷиноятҳо дар ин давра 72 фоизро ташкил медиҳад.

Вазир гуфт, ки бо вуҷуди афзоиши ҷиноят, барои пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини тартибот дар тамоми қаламрави кишвар чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *