Марди 28-сола барои қаллобӣ боздошт шуд
Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сокини 28-солаи пойтахт Сулаймонов Сорбонро бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.
Бино ба маълумоти пешакӣ, Сулаймонов С. бо роҳи қаллобӣ аксҳои воситаҳои нақлиёти гаронарзишро аз саҳифаҳои шахсии шаҳрвандон гирифта, онҳоро бо нархи нисбатан паст дар сомонаи эълонҳои “Сомон-ТҶ” ба фурӯш гузоштааст. Номбурда бо баҳонаи овардани нақлиёт маблағҳои гуногунро аз шаҳрвандон гирифта, ғайб задааст.
Тафтишот идома дорад.
Мақомоти милитсия аз шаҳрвандоне, ки эҳтимол фирефтаи амалҳои Сулаймонов С. гардидаанд, хоҳиш менамоянд, ки ба рақами телефонии: (+992) 018-02-02-02 муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ