Вазири корҳои дохилӣ марги навраси 15-соларо аз дасти падар “мудҳиштарин ҷиноят” хонд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи Парвиз Одинаев, сокини шаҳри Турсунзода, ки фарзанди 15-солааш Хусрав Одинаев дар пайи шиканҷа фавтидааст, ба Додситонии кулл ирсол шудааст.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 7 август, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳодисаи мазкурро “мудҳиштарин ҷиноят” номида, таъкид кард, ки Парвиз Одинаев кӯшиши пинҳон кардани ҷиноятро дошт, вале боздошт гардид.

Ҳоло нисбати Парвиз Одинаев бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шудааст, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин модда ҷазо аз 12 то 15 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Мақомот мегӯянд, таҳқиқи қазия зери назорати махсус қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *