Ҷияни Назарбоев аз мақомаш барканор шуд

Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев Самат Абиш — ҷияни президенти нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоевро аз мақоми муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ (КАМ) барканор кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти роҳбари давлат иттилоъ додааст.

Тавре сомонаи Kp.ru навишт, қаблан дар бораи боздошти Самат Абиш маълумот нашр шуда буд, вале баъдан нашрияе, ки ин паёмро нашр кард, хабарро рад намуд. Иловатан хабар дода шуд, ки муовини раис дар рухсатӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ду домоди президенти пешини Қазоқистон мақомҳои раҳбарони ширкатҳои миллии ин кишварро тарк карданд. Салоҳияти Қайрат Шарипбоев — шавҳари духтари калонии сиёсатмадор Дариға Назарбоева дар ширкати QazaqGaz қатъ шуд ва Димаш Досанов — шавҳари духтари хурдии президенти пешин Алия Назарбоева аз мақоми раиси ширкати «КазТрансОйл» истеъфо дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *