Қадрдонии Пешвои миллат бо ордени давлатии Русия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ордени давлатии Русия — «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардонида шуд. Маросими қадрдонӣ дар Қасри Кремл доир шуд.

Дар оғози маросим Фармони Президенти Федератсияи Русия дар бораи мукофотонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ин нишони давлатии Русия қироат карда шуд.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои хосси Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муваффақона рушд меёбанд, таъкид намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *