Тоҷикистон дарвозаи Покистонро голборон кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G дар меҳмонӣ тими миллии Покистонро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод.

 Бозӣ дар варзишгоҳи «Ҷинноҳ»-и шаҳри Исломобод, баргузор гардида  футболбозони тоҷик бо пероҳанҳои сафед ба майдон баромада буданд.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои паиҳами меҳмонон оғоз ёфт ва ба онҳо муяссар шуд, ки дар дақиқаи 9-ум ҳисобро кушоянд. Панҷ гол дар нимаи аввали дидор зада шуд, ки онро Юсуке Араки сардовари мекард.

Тимҳои миллии Тоҷикистону Покистон аз ин пеш ду бор бо ҳам рӯбарӯ шуда буданд ва дар ҳарду бозӣ дар доираи Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) футболбозони тоҷик бо натиҷаҳои 2:0 ва 1:0 ғолиб омадаанд.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии FIFA дар байни 207 кишвар дар зинаи 109-ум ва Покистонн дар зинаи 193-юм қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *