Хонандагони пойтахт дар олимпиадаи ҷаҳонӣ ҷой гирифтанд

Хонандагони пойтахт дар Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия Open World Astronomy Olympiad-2023 миёни 14 кишвари дунё ғолибият ба даст оварданд.

Аз 14-ум то 22-юми ноябри соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Олимпиадаи кушоди ҷаҳонии астрономия Open World Astronomy Olympiad-2023 баргузор шуд. Дар он аз 14 давлати дунё  намояндагон иштирок намуданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар аз «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе ширкат варзида, сазовори 3 чойи ифтихорй: як ҷойи 2-юм, як ҷойи 3-юм ва як ҷойи ифтихорй гардиданд.

Бояд гуфт, ки  маротибаи аввал аст хонандагони тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни астрономия Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *