Қарз зам мешаваду кам не. Хатлониён кай пули барқро месупоранд?

Қарзи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз андоз ва барқ ба беш аз 91 миллион сомонӣ расидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз хизмати обрасонӣ 90 миллион сомонӣ қарздоранд.

Оятулло Умаров, муовини сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон гуфт, сабаби асосии зиёд шудани қарз дар назди нозиротҳои андоз ва шабакаҳои барқ сари вақт пардохт накардани ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби аксари роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, имсол дар маҷмӯъ, ба маблағи 34 миллиону 694 ҳазор сомонӣ барқ истифода кардаем, аммо аз буҷети Агентии беҳдошти замин ва обёрии кишвар андаке бештар аз 22 миллион сомонӣ пардохт шудаасту халос.

“Сабаби дигари қарзи барқ баланд будани нархи он ва паст будани ҳаққи хизмати обрасонӣ аст. Беш аз 220 пойгоҳи обкашӣ бо барқ фаъолият мекунанд. Агар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ қарзи обро пардохт кунанд, идораи мо аз ягон ниҳод қарздор намемонад. Қарзи хизмати обрасонӣ аз 90 миллион сомонӣ гузаштааст. Имсол ҳаққи хизмати обрасонӣ ба 41 миллион сомонӣ расид. Мутаассифона, андаке беш аз панҷоҳ дарсади онро ҷамъ карда тавонистему халос”, — мегӯяд ӯ.

Аз Шабакаҳои барқи ҷануб дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва Шабакаи барқи ноҳияи Ёвон бо пешниҳоди маълумотнома тасдиқ карданд, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ аз истифодаи барқ қарздоранд. Мувофиқи маълумоти Шабакаҳои барқи ҷануб танҳо дар 15 шаҳру ноҳия идораҳои болозикр 34 миллион сомонӣ қарздоранд. Дар ҳамин ҳол аз Шабакаи барқи ноҳияи Ёвон гуфтанд, ки Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия беш аз 15 миллион сомонӣ қарздор аст. Боқимонда қарз ба минтақаи Кӯлоб рост меояд.

Фирдавс, роҳбари яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ гуфт, сабаби асосии пурра пардохт накардани маблағи об ин қарзи замин аз солҳои пеш аст. “Вақте мо саҳмамонро ҷудо карда гирифтем, замин аз андоз ва истифодаи об қарздор буд. Бо баланд будани оби зеризаминӣ, поин будани қимати пахта ва қарзи миёншикани замин аз солҳои пеш наметавонем якбора маблағи обро пурра пардохт кунем. Як гектар замин камаш шаш ҳазор сомонӣ қарздор буд. Ҳамаашро пардохт мекунем, лекин вақт лозим, то ягон танга аз замин фоида бинем”, – афзуд вай.

Ҳалимхон Мирзоев, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон мегӯяд, беш аз 52 сол аст, ки пойгоҳҳои обкашӣ фаъолият доранд. Ба гуфтаи ӯ, қисми зиёдашон фарсуда шудаанд. “Тез-тез вайрон мешаванд. Бар замми ин, қисмҳои эҳтиётии онҳоро ба осонӣ ёфта намешавад. Агар пойгоҳҳои обкаширо иваз кунанд, истифодаи барқ ба маротиб кам мешавад, — мегӯяд вай.

Қарзи идора аз шабакаҳои барқ, ба қавли ин масъул, 15 миллион сомонӣ ва аз нозироти андоз беш аз 500 ҳазор сомонӣ аст. “Қарзи хизматрасонии об ба 10 миллион сомонӣ расидааст. Наметавонем маблағи обро пурра ҷамъоварӣ кунем. Агар сокинон маблағи истифодаи обро сари вақт пардохт кунанд, нуран алонур мешавад. Аммо афсӯс, ки чунин нест” — мегӯяд вай.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён аз истифодаи барқ қарздор набудааст. Аммо 6 миллиону 600 ҳазор сомонӣ аз пардохти андоз қарздор аст. Бобоҷон Имомов, сардори идораи мазкур гуфт, қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ аз хизмати обрасонӣ сар карда, аз 2,5 миллион то 5-10 ҳазор сомонӣ аст. “Дар маҷмӯъ қариб 10 миллион сомониро ташкил медиҳад”,-афзуд вай.

Ӯ мегӯяд, чанд сол аст, ки нақшаи ҷамъоварии маблағро иҷро карда наметавонем.

“Бо ҷамъоварии пурраи ҳаққи хизмати обрасонӣ на танҳо қарзи идораи мо дар назди нозироти андоз пардохт мешавад, балки ба кандани заҳбуру заҳкаш, паст кардани оби зеризаминӣ, пешгирӣ аз шӯршавиву ботлоқшавӣ мусоидат мекунад, ки ин ба фаровонҳосилӣ замина мегузорад. Вале сад афсӯс, ки чунин намешавад”, — мегӯяд Б. Имомов.

Ҳамин тавр, қарз ба ҷой оне, ки кам шавад, мутаассифона, зам мешавад. Ҳоло чун ҳарвақта пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ҳавола ба виҷдони сокинон ва раисони қарздор аст.

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *