Ҳабси абад, барои куштори модар ва се фарзандаш дар ноҳияи Рӯдакӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ду гумонбар ба куштани Шаҳло Назарова ва се фарзандашро содир кардааст.

 Ба иттилои Радиои Озодӣ яке аз наздикони маҳкумшудаҳо рӯзи 15- уми декабр бо шарти фош нашудани номаш гуфтааст; “ҳукм ҳафтаи гузашта баромад”.

Ба гуфтаи манбаъ, додгоҳ Сайфулло Азимови 32-сола ва яке аз гумонбарони асосӣ дар қатли Назарова ва се фарзандашро ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Гумонбари дигар дар ин парванда Нуъмон Саидови 17-сола аст. Додгоҳи олӣ бо сабаби ноболиғ будан парвандаи ӯро ҷудо баррасӣ кард, аммо ҷузъиёти мурофиа ва ҳукм маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *