Ҳайати Вазорати маориф ба Бадахшон сафар кард

Бо дастури вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода гуруҳи корӣ дар ҳайати муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҷалолиддин Амиров ва директори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон Умед Чоршанбезода рӯзҳои 27-30-юми май аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ дидан намуданд.

“Нахуст, гуруҳи корӣ бо раиси шаҳри Хоруғ вохӯрда, оид ба вазъи муассисаҳои таълимии шаҳр, раванди омодагӣ ба аттестатсияи хатм ва имтиҳонҳои ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ суҳбат намуд. Сипас, муовини вазир дар муассисаҳои таълимии №№5, 6, 7, 8, Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва раёсати маорифи вилоят бо омӯзгорону мутахассисон ва донишҷӯён суҳбату вохӯрӣ доир намуда, вобаста ба саволу дархостҳои онҳо дар робита ба имтиҳонҳои хатм ва ҷорӣ, қабул тариқи Маркази миллии тестӣ, қабул ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷ, норасоии китобҳо ва маводҳои таълимӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ посухҳои мушаххас дод. Гуруҳи корӣ дар ноҳияи Рӯшон бо муовини соҳавии раиси ноҳия Лайло Чоршанбезода, мудири шуъбаи маориф ва кормандони шуъбаи маориф вохӯрда, бо вазъи таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсили хонандагону фаъолияти муассисаҳои таълимӣ шинос гардид. Баъдан, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Рӯшон бо вазъи зист ва таълиму тарбияи кӯдакони ятим шинос шуда, барои зери назорати доимӣ қарор додани кӯдакони ятим ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон пурра фаъолият намуда, дарсу машғулиятҳо дар онҳо идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *