Ҳамзат аз шаҳрвандии Шветсия даст кашид

Размкори бебохти ташкилоти маъруфи UFC Ҳамзат Чимаев аз шаҳрвандии Шветсия даст кашида, шаҳрванди Аморати Муттаҳидаи Араб гардид.

Акнун Ҳамзат Чимаев дар муҳорибаи навбатиаш, ки 21-уми октябри соли равон дар Абу-Дабӣ баргузор мегардад, ҳамчун намояндаи Аморати Муттаҳидаи Араб муаррифӣ мешавад.

Тибқи навиштаи расонаҳои хориҷӣ, сабаби асосии даст кашидани Ҳамзат Чимаев аз шаҳрвандии Шветсия — ин оташ задани китоби муқаддаси мусалмонон — Қуръон аст.

Дар оташ задани китоби Қуръон варзишгар ба мақомоти дахлдор вокуниши сахт нишон дода буд, аммо бенатиҷа.

Ёдовар мешавем, ки Ҳамзат Чимаев бо аҳли оилааш дар 16-солагӣ ба Шветсия кӯчида, то чанд рӯз пеш шаҳрванди ин кишвар буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *