Консули нави Тоҷикистон дар Русия

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни сафари худ ба вилояти Новосибирски Русия шахсан консули нави генералии навтаъйинро ба мақомоти ин вилоят муаррифӣ кард.

Дар ин мулоқот ҳамчунин Губернатори вилояти Новосибирски Русия Андрей Травников ширкат дошт. Дар ин бора саҳифаи Сафорати Русия дар “Фейсбук” хабар дод. 

Ба иттилои дафтари матбуоти сафорат, ба ин вазифа Наҷмиддин Имомзода таъйин шудааст.

Ҳамчунин, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар вилояти Новосибирск бо роҳбарияти минтақа дидору гуфтугӯ кардааст, ки дар он дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия баррасӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *