Чимаев

Ҳамзат Чимаев дар фикри унвон нест

Ситораи муҳорибаҳои омехта Ҳамзат Чимаев дар як навор доир ба унвони қаҳрамонӣ, мақсадаш аз муҳорибаҳо ва ҳарифҳои ояндааш гуфт.

— Ростӣ, ба ман унвони қаҳрамонӣ ва камарбанди чемпионӣ муҳим нест, балки барои он ба майдон мебароям, ки лаззат барам, пул кор кунам ва оилаамро ба тамоми чиз таъмин намоям. Ба ман муҳорибаи унвонӣ ташкил накунанд, пас ман гузаронидани муҳорибаҳоямро давом медиҳам ва ҳеҷ вақт шикаст намехӯрам. Баъд мебинем, ки масъулин чӣ фикр мекунанд,- гуфт размкори маъруф.

Ҳамчунин, Чимаев даъво кардааст, ки дар навъи варзиши интихобкардааш рақами як мешавад ва ӯро касе шикаст дода наметавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *