Зарафшони Хуросон: Ишқ пойдевори хуби зиндагӣ аст

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» шоира Зарафшони Хуросон мебошанд.

Саволи мо ба ин бонуи эҷодкору ширинкалом чунин буд:

— Ишқро пойдевори оила мегўянд. Оё бе ишқ ҳам издивоҷ бобарор буда метавонад?

— Саволи шумо хеле мураккабу то имрўз дар маърази баҳсҳо ҳал нашудааст. Ман бо итминони комил мегўям, ки аз сад ҳаштод фисади  оилаҳо бе ишқ умр ба сар мебаранд ва оила то охир пойдор мемонад. Ин мавзуъ хеле доманадору пурмуаммо аст, шумо саволро ба ман додеду ба ёдам гуфтор ва дарди дили як шахсияти маъруф омад, ки мо риштаи хешутаборӣ ҳам дорем. Боре дар як суҳбат аз вай пурсидам, ки янгаамро дўст медоред? Чун ҳамсуҳбати ман марди хеле донишмандест, дар посух гуфт:

— Медонед чӣ? Мо 40 сол боз зиндагӣ мекунем, шаш фарзанд дорем, занам духтари аммаам аст ва чӣ хеле шумо медонед, занам хеле зани хубест. Камбудие надорад ва зиндагии шоистае ҳам дорем, кӯшиш мекунам занамро хафа накунам, чун модари фарзандон ва гармии хонадони ман аст. Ҳангоми зинда будани падарам худро тасалло медодам, ки занам духтари хоҳари падарам аст ва ҳамин ки падарам аз олам рафт, ман аз ў бо шарту шароит ҷудо мешавам. Вақте падарам фавтид, мо аллакай панҷ фарзанд доштем… Имрўз фарзандонам инсонҳои хубе ба воя расидаанд, ман ба хотири онҳо худамро қурбонӣ кардам.

Ҳамин қабил оилаҳоро зиёд дидаам, ки зиндагиашон идома дорад ва боз оилаҳое ҳастанд, ки бо ишқу муҳаббат хонадор шудаву бо ҷангу ҷанҷол аз ҳам ҷудо шудаанд. Ё зиндагӣ кунанд ҳам, ҳаёташон ширин нест. Ин як муаммоест, ки онро то ҳол касе накушодааст.

Дар охир як чизро мегўям, ки бояд ҳангоми хонадор намудани фарзанд фикри ўро ба назар бигирем. Бигузор интихоб аз ҷавонон бошад, волидайн маслиҳатгару ҳодии эшон гарданд. Албатта агар ишқ байни ду инсони бофарҳангу бомаърифат бошад, пойдевори хуби зиндагияшон мешавад.

Суҳбаторо: ДИЛОШӮБ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *