Ҳазорхонаи нифоқ: суҳбат бо Фарзона

Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, яке аз шоирони бузурги адабиёти тоҷикӣ-форсии муосир 55 сола шуд.

Номбурда аз қабили шоиронест, ки пас аз Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва Гулрухсор назми тоҷикро қабои нав пӯшонид ва бо ашъори фалсафиву иҷтимоии худ дар ҷаҳони форсизабон мъруфият пайдо кард. Бузургтарин шоирон, ноқидон ва олимони адабиётшиноси ҷаҳон ба назми Фарзона баҳои баланд дода ӯро пас аз Симини Беҳбаҳонӣ бузургтрин бонуи шеъри форсӣ хондаанд.

Устод Фарзона феълан дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад ва мактаби муҳташами адабиро, ки худ созмон додаст роҳбарӣ менамояд.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” устод Фарзонаро бо ҷашни Мавлуд табрик гуфта, мусоҳибаи Шариф Ҳамдампурро, ки соли 2010-ум ба нашр расида буд, пешкаши шумо мегардонем.   

— Сабаби гурези Шумо аз рӯзноманигорон дар чист?

— Ҷое гуфтаам, ки:

Дилбазан шудам охир бо ҳамешапайдоӣ,

Чист ин дурахшидан ғайри бетаҷаллоӣ?!

Бо ҳузури афзунам чашми халқ озурдам,

Дархӯри кӣ хоҳад шуд ин ҳама худифшоӣ?!

Фирорам бо ин далел аст, ки боз ҳам ҳарфҳои пешинро пешу пас мечинам. Ҳарфҳоеро, ки такрорашон ҳам барои ману ҳам барои  хонандагонам хушоянд нест. Он сон, ки хуни инсон марҳала ба марҳала нав мешаваду полоиш меёбад, рӯҳи инсон низ фасли таваққуфу фасли таҷаддуд дорад. Ман медонам, ки бештар  башоратхоҳам, на башоратбахш.

— Тоза шудани хун амри биологист, аммо дар худ фурӯ рафтани Шумо фирор аз ҷомеа нест?

— Ман ба маҷрои бузурги имрӯз пайвастаам ва ҳамеша ба сарнавишти якояки ҳамватанонам ва кулли башар меандешам. Агар гоҳ — гоҳ ба инзиво гароям, он низ пур аз ҳузури иҷтимоист. Албатта, ман ҷурмҳои зиёде дорам, ки барои чунин пурсиши шумо далел медиҳад. Масалан, аз даврони дабистон ширкатро дар ҷаласаҳои ғайриадабиву ғайриҳунарӣ дӯст намедоштам, ки ин шева «бо шир

андарун шуду бо ҷон бадар шавад». Ё намехоҳам соҳиби мақому мансаби иҷтимоӣ бошам, зеро табиатан ва фитратан тааҳҳуди худро дигаргуна мебинам.

— Бигзор ба худ фурӯ рафтани Шумо як роҳи дарёфтани худу дарки муҳит бошад. Аммо барои шоири миллат муҳиту фазои вилояти Суғд магар танг нест?

— Пештар фикр мекардам, ки тамоми офоқ барои ман танг аст, мисли он ки аллома Иқбол мегӯяд:

 Чӣ аҷаб, агар ду султон ба вилояте нагунҷад,

Аҷаб ин ки менагунҷад ба ду оламе фақире.

Дар ҷустуҷӯи фазои созгор ба ҷое рафтан хуб аст, аммо хубтар он аст, ки дар қароргоҳи худ фазоофарин бошем. Як нафару ду нафар ҳаргиз чунин иқтидорро надоранд. Ҳунарварони муқтадири ҳамдилу ҳамдӯшу ҳамормон метавонанд ҳавзаи адабӣ созанд.

— Баъди Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд ҳавзае ба вуҷуд омад, ки бо номи Шумо пайванд аст. Фарқи ин ҳавза аз ҳавзаҳои дигар дар чист?

— Ман ҳаргиз ин иддаоро надорам ва дар ин замина фақат таҷрибаҳои ибтидоӣ кардаам. Хушбахтона, адибоне ҳастанд, ки ҳудуди  панҷоҳ — шаст сол ин сулуки хуҷастаро, яъне роҳи адабиётро ихтиёр кардаанду имрӯз ҳодии моянд. Ҳолиё ашъори чандин ҷавоншоири ин қаламрав, ки номашонро аҳли завқ дар Тоҷикистон медонанд, падидаи муфарреҳ аст, ки умед дорам дар ҷуғрофиёи бузурги шеъри форсӣ имрӯзу фардо рӯнамо мешавад. Бо файзи иршоди муҳаққиқони номвар як гурӯҳ адабиётшиносони ҷавон навиди ҳастӣ додаанд, ки аз онҳо ибтикорҳои ҷиддӣ чашмдорем. Дар ҷаласаҳои байналхалқии илмиву фарҳангӣ, дар маҳфилҳои ҳармоҳаи «Ганҷи сухан» ва кулли барномаҳои назму наср пайваста намояндагони ҳавзаҳои дигари илму адабу мусиқӣ аз Шерозу Исфаҳону Гелону Кашмиру Лоҳуру Балху Ҳироту Самарқанду Бухоро, инчунин аз нуқоти дигари дунё — аз Амрикову Фарангистону Осиёву Африқо ширкату суҳбат мекунанд. Устодони баргузидаву ҷавонони наввуруд аз пойтахт, устод Ҳақназар Ғоиб, шоирон Озар, Одинаи Раҳмон аз Хатлон борҳо меҳмону маҳфилорои мо буданд. Ин ҳалқаҳову ҳавзаҳои дохилиро ман ҳаргиз аз ҳам гусаставу ҷудо намебинам, зеро ҳама дар пайвастагӣ як қаламрави азими шеъру адаби тоҷиканд. Дар миёни ин ҳавзаҳо ман бештар шабоҳатро мешиносаму камтар тафовутро.

— Дар китобҳои таърихиву тазкираҳо метавон дар бораи ҳавза, шуаро ва аҳли адаби шомил маълумот пайдо кард. Агар пӯшида нест, чӣ шоироне ва ба чӣ миқдор ҳавзаи Хуҷандро фаро мегиранд?

— Шумораашонро намедонам, аммо медонам, ки, хушбахтона, ҳастанду кам нестанд. Насли ҷавон, чунонки дар фавқ зикр шуд, насли ҷӯёву пӯёву ибтикорманданд. Онҳо аз мероси ниёкон, аз осори ҳамзабонон ва то ҷое, аз адабиёти ҷаҳон бархӯрдоранд ва, ҷуз ин тӯша, ишқу илҳому ормонҳои олӣ андӯхтаанд. Орзу мекунам, ки ин ҳарфҳо ботилу ҳубобиву ба таъбири Абулмаонӣ «побаҳаво» набошанд ва чеҳраҳои пурфурӯғе дар ҷаридаи оянда тулӯъ кунанд.

— Муҳити Суғд барои рушди шеъру шоирӣ созгор аст?

— Бале, созгор аст. Агар манзури шумо муносибати ҳукумати вилоят ба аҳли адаб бошад, самимонаву боиродат аст. Ҳар моҳ барои адибон як миқдор пули идрор дода мешавад, маблағгузории маҳфилҳои илмиву адабӣ ва чопи маҷаллаву китобҳои бадеӣ аз ҷониби ҳукумати вилоят сурат мегирад. Албатта, норозиёне ҳам ҳастанд, ки китобашон аз ҷадвали нашр берун мондааст ё аз ҷойизаҳову тақдирномаҳо бархӯрдор нагаштаанд. Аммо дар масъалаи чопи китоб, агар онҳо ба унвони раиси вилоят нома ирсол кунанд, дар сурати арзишманд будани осорашон, бовар дорам, ки посухи мусбат хоҳанд ёфт. Худи раис дар ҷаласаҳои илмӣ, маҳфилҳои ҳунару адаб, шабҳои шеър ширкат меварзанд, ба аёдату зиёрати аҳли адаб мераванд ё қосид мефиристанд ва чунин корҳо, фикр мекунам, ки собиқаи даҳ — дувоздаҳсола доранд (ман даврони баъди истиқлолро дар назар дорам, на рӯзгори Рӯдакиву Фирдавсиву Ҳофизро) ва ҳоло бештар вусъат ёфтаанд. Бешак, ин тариқу шеваи муносибатро бо адибон Сарвари кишвар роҳандозиву пуштибонӣ мекунанд. Амри табиист, ки зеру бамҳову печу хамҳову соярӯшанҳо дар ҳаёти дохилии адибон ва дар муносибаташон ба мақомоти иҷтимоиву адабӣ вуҷуд доранд ва ин падидаро собиқаест ҳазору дусадсола. Дар маҷмӯъ, фазои адабии Суғд камнифоқ асту боиттифоқ.

— Бозор Собир дар як мусоҳибааш дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аҳли зиёро дар канорагирӣ аз масоили умдаи ҷомеа муттаҳам сохта буд.Шояд ин ба шумо ҳам тааллуқ дорад?

— Дар барномаи андешаҳои ман муқаддамтарин қисмат — қисмати миллату Меҳану афроди он аст ва бузургтарин қисмат – қисмати инсон ва фарқ намекунад, ки мухотаби ман аҳли Ҷопон аст ё Итолиё ё Амрикову Судон. Роҳу тариқи ширкати моро дар ҳаёти иҷтимоӣ устод Бозор Собир барҳақ заифона донистаанд. Бо ҳазор тарбияву даъвату таъсир хилқати касеро (ва, аз ҷумла, маро) наметавонед дигар кунед ва ман ҳам аслану зотан чунин сабки ҷиҳодро пазируфтаам:

Ту медонӣ, ки ислоҳи башар чист?!

Ҷуз ислоҳи худӣ чизи дигар нест!

Мадеҳ тағйир авзои ҷаҳонро,

Ки гар худро диҳӣ тағйир, кофист!

— Имрӯз дар миёни мардум ва саҳифаҳои баъзе аз расонаҳо бо такя бар гуфтаи иддае, аз ҷумла, устод Бозор Собир, нисбати мардуми Шимол аз истифодаи алфози «манғит», «ӯзбектабор» худдорӣ намекунанд. Ин андешаҳо аз куҷо сарчашма мегиранд ва чӣ воқеияте доранд?

— Устод Бозор Собир дар ҷаридаеву расонае ин матлабро изҳор надоштааст. Ва агар дар суҳбатҳои хусусӣ ҳарфе гуфта бошад, бидуни кинаву адоват аст ва мисли ин нуктаҳои зариферо шояд дар зикри Файзободу Душанбеву нуқоти дигар ҳам мегӯяд. Агар ӯ мисли ҳама бо мантиқи маъмуливу муқаррарӣ андеша мекард, аз куҷо чунин шеъри бемонанд мегуфт?! Бузургон ҳам наҷобат доранду ҳам аҷобат. Он суханҳои боло (агар ба забон омада бошанд), аз аҷобатҳои шоиронаи устоди моанд. Он ҳукмномаи омиронаи сиёсӣ нест, ки аз чапу рост мардум ошуфта шаванду барои собит ё инкор карданаш далел ҷӯянд. Аммо дар мавриди расонаҳо, ман андеша мекунам, ки бояд ҳатман сабки нигоҳу муносибатро таҷдид созанд, зеро, агар миллате ба миллате иродат дошта бошад, фоҷиа нест, фоҷиа он аст, ки як миллат андаруни худ ҳазорхонаи нифоқ шавад. Агар ман матлабамро носаҳеҳ овардам, Мавлоно бо рӯшании офтобонааш мегӯяд:

Ман туям, ту манӣ, эй ёр, марав ҷойи дигар,

Хешро ғайр мапиндору макун ройи дигар!

— Шимолу Ҷануб, Шарқу Ғарб ҳамеша мавриди баҳси файласуфон қарор доштанд, ки сари афкори фалсафӣ ва илмӣ буд. Аммо имрӯз дар ҷумҳурии мо дар доираи тафаккури танги маҳал сурат мегирад. Магар ин ба фарҳанги миллӣ бетаъсир буда метавонад?

— Таъсири кушанда. Агар дар мактабҳои таҳсилоти мутавасситу олӣ дарси инсоншиносиро аз рӯйи осори Мавлонои Балх ба роҳ монанд ва бузургоне мисли устод Турсунзода ва ҳамасрони ӯ, ки бо ҳар тоҷику ҳар инсони олам ҳаммаҳалу ҳамгаҳвора буданд, башоратовару фардонамои насли навин гарданд, ин тилисмоти мо боз хоҳад шуд.

— Шумо тафаккури қолабии маҳалро шикастед; яъне, ба ҷавони кӯҳистонӣ дил бастед. Ин бароятон осон буд?

— Ҳамдилӣ қавитар аст ё ҳамгилӣ? Барои аҳли кишварҳои пешрафта ин мушкил вуҷуд надорад. Бузургтарин орзуи ман он аст, ки Ватани ман низ дар ҳамон ҷадвал қарор бигирад.

— Бозор Собир Мӯъмин Қаноат ва дигар нобиғаҳоро муттаҳам бар он медонад, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ нагуфтанд: «Ай мардум, шумо бо роҳи хато меравед, аз он баргардед», натавонистанд оқибатҳои онро пешгӯӣ кунанд.

— Гуфтанду нашунидем. Дар оғози соли 1992 дар рӯзномаҳои мақомоту ҷароиди озод осори шоирони мо бо унвони «Ҳанӯз тавба кунед, эй мардум!» интишор мешуд. Дар он ваҳшатсаро, ба таъбири устод Лоиқ фарёд буду фарёдрасу фарёдшунав набуд. Ҷурми дигар ин ҷост, ки фарёди ҳар раҳнамое аз минбару сангарҳои дигар баланд мешуд, на аз як минбар.

Бояд иқрор шуд, ки ҳатто паямбарон ҳам гоҳе саҳв мекунанд. Дар ёдатон ҳаст, ки Ҳазрати Юсуф барои на аз Холиқи Якто, балки аз шоҳи Миср имдод хостанаш мавриди итоб қарор гирифта буд. Ҷомеа зиёиёнро барои бархӯрдор набуданашон аз илми ғайб гунаҳкор медонад. Аммо чӣ ҷойи бузургону хурдон, дар ҳоле ки ҳар касе бо тафаккури ибтидоӣ ҳам мефаҳмад, ки оқибати майдоншитобиҳову даъватҳои размангез ва ҳам поёни бархӯрди шадиди хомаҳо наҳс аст:

Бояд канора ҷуст зи бархӯрди хомаҳо,

Ин размро хуҷаста набошад идомаҳо.

Ноқобилӣ бубин, ки муқобил нишастаанд

Як сӯ кулаҳфарангу дигар сӯ амомаҳо.

Суратгарему хидмати ҷавҳар накардаем,

То кай буванд ҷомеаҳо ҷамъи ҷомаҳо…

— Чунин ба назар мерасад, ки адибони мо ба ҷуз хомаю тафаккури хаёлӣ ба чизе коре надоранд. Замоне Фирдавсӣ хатари ба сари давлати Сомониён омадаро дарк намуду «Шоҳнома» навишт, чеҳраи Рустами Достон офарид. Аммо, ҳарчанд хатари имрӯз бар сари миллати мо омада на камтар аз он замон аст, адибони мо ҳанӯз ҳам қасидасароӣ мекунанд…

— Бузургии Ҳаким Фирдавсӣ бо убури ҳазору сад сол раҳораҳ бештар шудааст ва чунин дархосте доштан аз суханварони имрӯзин, ки ҳуруфашон дархӯри муосирон ҳам нест (чӣ расад ба фардоиён) аз ҷониби Шумо, бародари арҷманд, лутфи фавқулҳад аст. Аммо Мавлоно, ки дар макону ҷойгоҳи пайкорҳои муғулу тотор мезист, чаро мисрае дар бозгӯи он ҳаводиси манҳус мавзун накард?! Аммо хидмати ӯ барои миллати тоҷик камтар аз Донои Тӯс нест, зеро барои роҳ бурдан ба ҷавҳари Мавлоно инглису итолиёиву чиниву турку ӯзбек забони моро меомӯзанд ва ба шигифт меоянд аз эъҷози ин забону миллати «Маснавӣ» — офарин. Чун ба «Шоҳнома» — ву «Маснавӣ» менигарем, он ҳама «эъҷоз» — ро мебинему чун ба чигилҳо меандешем, ин ҳама аҷзро.

— Дарк мешавад, ки Шумо ҳам пой дар банди шеъри ноб ҳастед, ба ин хотир чун он Донои Тӯс рӯй бар шеъри заминии иҷтимоӣ намеоред.

— Ман ҳеҷ вақт ба бадеияту санъатҳои ҳунариву суварӣ ва зинату орояҳои шеър фикр намекунам. Мухотаби ман ҳамеша Офаранда асту офарида. Бузургтарин руҷӯи дили ман ба Инсон аст. Инсоне, ки ман меҷӯям, фарқ намекунад, ки кӯбандаи арш аст ё рӯбандаи фарш. Муҳимаш ин аст, ки дар миёни тӯфонҷӯшии иҷтимоъ ҳам, дар хориву иззат ҳам, дар замони соҳибкулоҳиву дар ҳоли афтодагӣ ҳам, дар фақру неъмат ҳам ҳамеша дар мартабаи олии инсонии худ поянда мондааст:

Фарангиховариё, аз куҷоӣ,

Магар чун ишқ беҷуғрофиёӣ?!

Зиҳӣ, эй он ки сабки фаррухи туст

Фақат инсониву инсонгароӣ!

— Ҳазор сол панд гуфтем, ҳазор сол мадҳияву шеър офаридем, аммо ба ҷое нарасидем. Дунёи Ғарб асрҳо аз мо пеш рафт, вале мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем…

-Агар ба ҷойи шеъри ирфонӣ ва ашъори мадҳиву ғиноӣ назми размандаву пархошӣ мегуфтем, ба ҷое мерасидем? Боязид мегуфт, ки «Худоё, дӯзахатро ба ҳадде хурд бикун, ки бо вуҷуди як ман ғунҷойишаш тамом шавад ё маро ба ҳадде бузург соз,ки бо ҳузури як ман дӯзах пур гардад, то дар он дигареро ҷой набошад». Ҷомеа аз шоирон чунин наҷобату шарофату шафоати қудсиёна мехоҳад.

Ин гуноҳ бастан ҳам аз арҷгузориву бузургдорист, ки халқ неруи суханро ватансозу ҷаҳонтасхир медонад ва мо бояд сазовор шавем ба ин меҳру иродати мардум, ба эътимоду муҳаббат, ба он ки муждаҳои диламон на ангезандаи хилофу газоф, балки даркушои нусрату тавҳид бошанд.

— Дар мусоҳибае мунаққиде аз Чингиз Айтматов тақозо намуда буд, ки бояд бо роҳи аввалинтихоби худ — романтизм равад ва минбаъд низ асарҳое чун «Ниҳолаки рӯймолсурхаки ман» офарад. Дар посух Чингиз Айтматов мегӯяд, ки романтизм роҳи ғалат аст, миллати ӯро аз ҳақиқати зиндагӣ дур медорад. Ин назари ӯ амали Фирдавсиро ба хотир меорад…

— Ба андешаи ман, қалами Чингиз Айтматов аз ибтидои кори ҳунарӣ то поён ҳаргиз аз сарҳади ҳақиқат ва воқеият налағжидааст. Ӯ аз оғоз дар хусуситарин матолиб башаритарин ормонҳоро муҷассам мекард. Осори адибони муосири тоҷик низ романтизми софи парвозии бебунёд надорад ва нишонаҳои романтизм дар андаруни реализми иҷтимоӣ пинҳону пайдост.

— Мавзӯе, ки имрӯз боиси суҳбат ва баҳси ҳамагон гаштааст: Устод Мӯъмин Қаноат алайҳи устод Садриддин Айнӣ. Метавонед сари ин баҳс ҳакам бошед?

— Иоҳанн Ҳӯте мегӯяд, ки:

То наздику дур дар назарат ояд,

Аввал ба бом баршуданат бояд.

 Вақте ки бузургон чун ду қуллаи офтобоғӯш муқобили ҳам қарор мегиранд, хурдони нишебнишинро доварӣ нашояд, зеро ин ҳар ду қулла ба ҳадде баланданд, ки ба дифои касе ниёз надоранд. Аммо  мехоҳам зикр кунам, ки ман рисолаи дипломиямро бо роҳнамоии устод Абдулманнони Насриддин дар мавзӯи «Луғати мухтасари нимтафсилии устод Айнӣ» ҳимоят карда будам ва чунин дарёфта будам, ки дар нимаи аввали садаи бист касе ба ҳадди ин  арҷаридаи адабиёти навин бо чунин вусъату азамату масоҳат забони тоҷикиро фаро нагирифтааст. Албатта, ин ҳақиқатро устод Қаноат қабл аз ҳамаи мо боз кардаанд ва мутмаинам, ки касе беҳтар аз худашон матлабашонро тавзеҳу кушод намебахшад.

— Бобоятон Абдураҳим Ҳоҷибоев даст дар бунёд ва поягузории Тоҷикистон доранд ва чун як шахсияти сиёсӣ шуҳратманду маҳбуби мардуманд. Чаро касе аз хонадони шумо бо роҳи он кас нарафт?

— Ҳуҷҷатҳои тозае, ки аз бойгониҳои Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дарёфт шуданд, нақши Абдураҳим Ҳоҷибоевро дар сохтмони Тоҷикистони навин батадриҷ мушаххас ва мунаввар мекунанд. Дувоздаҳ нафар аз аҳли ин хонавода, ки бо роҳи эшон рафтанд, дар девбоди соли сиву ҳафт гирифтор гардидаву фано шуданд ё шиканҷаҳои бебаён диданд. Шукр, ки се насли баъдӣ ва, шояд, ояндагон низ бо роҳи илму адаб мераванд…

— Тариқати инсонӣ кадом аст ва Шумо ҳамқаламону ҳамватанонро ба кадом роҳ ҳидоят мекунед?

— Намедонам. Вале медонам, ки русҳо мақоле доранд, ки одам бояд аз обу оташу лӯлаҳои мисин гузар кунад, то ҷавҳараш падид ояд. Обу оташ агар ба маънии пастобаланди зиндагӣ бошад, «лӯлаҳои мисин» мансабу маснаду шуҳрату сарват аст, ки бо доштани ин ҳама инсон аз асли инсонии худ дур мелағжад ё боз дар мартабаю рифъати худ побарҷо мемонад. Номаҳое омадаанд ба мову шумо аз Рӯдакиву Саъдиву Ҳофизу Шекспиру Калдерону Пушкину дигар бузургон. Онҳоро кушоему бихонем, роҳ аён хоҳад шуд.

Соли 2010

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *