Ҳокими Азиз – муаллифи “Суҳбати мардона” даргузашт

Ҳокими Азиз – журналисти шинохтаи тоҷик, муаллифи маъруфтарин барномаи радиоии солҳои 80-ум “Дар суҳбати адиб” ва барномаи бемисли солҳои 90-ум “Суҳбати мардона” дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.

Марҳум солҳои охир бемор буд ва дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард. Хабари марги Ҳокими Азизро бародарзодааш Наҷиб Азизӣ ба Pressa.tj тасдиқ кард.

Ҳокими Азиз замоне аз зумраи маъруфтарин чеҳраҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Чӣ дар радио ва чӣ дар телевизион дар таҳияи беҳтарин барномаҳо бо диди тозаву мавзӯъҳои ҷолиб саҳм дошт. Ҳоло ҳам силсилабарномаҳои телевизионии вай, аз ҷумла барномаи пурбинандаи “Суҳбати мардона” дар ёду хотири бинандаҳо нақш бастааст. Чун мусоҳибонаш дар ин барнома мисли зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ шахсиятҳои варзидаву шинохта буданд.  Аммо солҳои охир бо сабаби беморӣ аз кори журналистӣ канор рафт.

Номбурда хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, аз соли 1986 дар радиои тоҷик фаъолиятро шурўъ намуда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драммавӣ силсилагуфтори «Дар сўҳбати адиб» — ро хидмати шунавандагон гузоштааст, ки беш аз 30 шуморааш дар «Хазинаи тиллоӣ» — и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Солҳои 1997- 2005 ба телевизиони тоҷик чун муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ босамар хидмат ба ҷой овардааст.

Муалифи барномаи «Сўҳбати мардона» (1997-2000)  буд, ки бо афкори озоду унсурҳои ҷолибсозӣ аз барномаҳои ин давра тафовут дошт.

Фаъолияти минбаъдааш ба матбуоти даврӣ ва мақомоти давлатӣ вобаста аст. Муддате дар чанд нашрияи Вазорати маорифи кишвар кор мекард, муаллифи чандин китобҳо аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *