Ҳоли муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон чӣ мешавад? (аудио)

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд теъдоди муҳоҷирон аз ин вилоят дар Қазоқистонро эълон карда, афзуд, ки то ҳол касе аз онҳо осеб надидааст.

Мақомоти Суғд мегӯянд, феълан 3 ҳазору 805 сокини шаҳру навоҳии вилоят дар Қазоқистон қарор доранд.

Дар ин бора Диловар Муродов, масъули раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, дирӯз  ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ афзуд, ки аз шумори умумии муҳоҷирони суғдӣ дар Қазоқистон 3 ҳазору 183 нафар мард ва 622 зан мебошанд.

Қазоқистон баъд аз Русия дуюмин кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирон аз Тоҷикистон мебошад. Бар асоси иттилои оморӣ, феълан аз вилояти Суғд беш аз 181 ҳазор муҳоҷир дар қаламарави Русия қарор доранд.

«То ҳол касе осеб надидаст»: маслиҳати ВКХ ба тоҷикони муқими Қазоқистон

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар хостааст, аз сафар ба Қазоқистон худдорӣ намоянд. Ба онҳое, ки феълан дар Қазоқистон қарор доранд, тавсия дода шудааст, ки ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд.

Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *