92 миллион долларро дар Қазоқистон оташ заданд

Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон ҳаҷми тахминии хисорот пас аз бетартибиҳоро ҳисоб кард.

Маблағи умумии хисорот пас аз ошӯбҳо дар Қазоқистон тибқи ҳисобҳои тахминӣ 92 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон.

Тоҷирон низ зарари худро аз ғоратгарон ҳисоб кардаанд. Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, он қариб 60 миллион доллар (тақрибан 26 миллиард танга) аст.

То кунун ҳудуди сесад субъекти осебдида асосан дар соҳаи савдо, хӯроки умум, нақлиёт, хизматрасонӣ, инчунин дар бахши молия, аз ҷумла банкоматҳо муайян карда шудаанд.

«То 6 январ дар маҷмӯъ ҳудуди 300 субъекти зарардида, ки дар 43 объект ҷойгир шудаанд, муайян карда шуд. Аз ин шумора 12 адад марказҳои савдою марказҳои фароғатӣ ва хонаҳои савдо мебошанд», — омадааст дар хабарнома.

Афзун бар ин, тибқи иттилои иттиҳодияи «Корамсак», дар Алмаато шаш мағозаи фурӯши аслиҳа ғорат шудааст.

Инчунин мағозаҳои бузурги чаканафурӯшии ғизоӣ ва ғайриозуқа дар Алмаато, Талдиқурғон, Уротеппа ва Шимкент ғорат шудаанд. Аксари онҳо дар пойтахти ҷанубӣ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд,-иттило медиҳад Sputnik.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев дар саросари Қазоқистон барои ду ҳафта вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард, ҳукуматро барканор кард ва худ Шӯрои амнияти ин ҷумҳуриро раҳбарӣ намуда, раисиҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоевро аз ин мақом барканор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *