Ҳушдор аз хатари тармафароӣ дар рӯзҳои 27-29 феврал

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро аз хатари селу тармаҳои нав дар се рӯзи охири моҳи феврал ҳушдор дод. Кумитаи мазкур аз ҳама хост, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёт кунанд ва ба маҳалҳои офатзо сафар накунанд.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки дар асоси пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 27-29 феврали соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистон ва кӯҳдомани тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаҳои нав побарҷо буда, бар асари боришоти ахир дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳдомани вилояти Хатлон метавонад сел биояд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26 феврал дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар водиҳо барфи сахт борид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *