Зоя

Боздошти Зояи фолбину ҷодугар дар Хатлон

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз боздошти як зан барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Касимова Зоя, соли таваллудаш 1955, истиқоматкунандаи кӯчаи Осимии шаҳри Бохтар дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул буд.

“Касимова Зоя ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудаву бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қуфл гӯё ба дарди маризон даво мебахшад, бар ивази ин амалҳои худ маблағи муайяне талаб мекардааст”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки ӯ дар асл саводу дониши тиббӣ ва динӣ надошта, ба хотири муфт ба даст овардани маблағ ба ин корҳо машғул будааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати шаҳрванд Касимова Зоя тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *