Дар Душанбе намоишгоҳи “Энергетика дар давраи гузариш…” баргузор мешавад

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳти унвони «Энергетика дар давраи гузариш-равонбахши фардо» намоиш доир мешавад.

 Ин намоиш бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки аз 28 феврал то 20 март маҳз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки намоиши мазкур бо ташаббуси Сафорати Олмон дар Тоҷикистон доир хоҳад шуд.

Намоиш бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаи гузариши энергетикии глобалӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ташкил шуда, дар он мавзуъҳо вобаста ба бахшҳои энергетика дар раванди гузариш тавассути технологияҳои иттилоотӣ, энергияи тавлидшаванда, самаранокии энергетикӣ (бахши сохтмон, саноат, нақлиёт) ва рушди устувор пешниҳод мегарданд.

Хоҳишмандон метавонанд намоишгоҳро рӯзҳои аз душанбе то ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00 ва рӯзи шанбе аз соати 8:00 то соати 14:00 тамошо намоянд.

Тамошои намоишгоҳ ройгон буда, сабти пешакӣ талаб намешавад. Барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ маводи иловагӣ дастрас мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *