Ҳушдори Ораш Алоӣ ба хотири пешгирии «омикрон»: Ду ниқоб пӯшед! (аудио)

Баъд аз доғ шудани мавзуи пайдоиши навъи нави коронавирус — “омикрон” дар баъзе давлатҳо, роҳбари Пажуҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню-Йорк Ораш Алоӣ дар як муроҷиати видеоӣ тоҷикистониёнро ба эҳтиёткорӣ даъват намуд.

Ӯ мегӯяд, ки ҳангоми зоҳир шудани нишонаҳои беморӣ дар хона карантин шудану алоқаро бо атрофиён қатъ кардан лозим аст. Мавсуф ҳамзамон мардумро ба ваксинагирӣ даъват намудаву таъкид мекунад, ки хусусан кӯдакон бояд аз штамми нав — «омикрон» эҳтиёт карда шаванд. Ба андешаи номбурда, одамон набояд ба худмуолиҷакунӣ дода шаванд.

«Илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам ҳастанд. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, ки аз ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, ҳамагӣ истифода кунед, ғайри онҳое, ки ҳоли ҳозир бемор бошанд. Онҳое, ки бемориҳои музмин доранд, ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд»,- шарҳ медиҳад табиб.

Ораш Алоӣ инчунин зикр мекунад, ки ҳангоми ба беморӣ гирифтор шудан бе тавсияи духтур, худсарона дору истеъмол кардан бар зарари кор аст ва барои эҳтиёт бояд ҳавои хона ва утоқи кориро тоза нигоҳ дошту ду ниқоб пӯшид.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.