Айнӣ: Ронандагону мусофирони дар роҳ дармонда ош хӯрданд (аудио)

Рӯзи гузашта, 17-уми январи соли 2022 роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бо сабаби резиши барфи шадид ва лағзиши тарма пурра баста буд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вазъ дар километрҳои 80, 100 дар қаламрави ноҳияи Айнӣ хеле ташвишовар буд. Ҳудуди 150 мошини калони боркаш ва бештар аз 160 мошини хурд дар нимароҳ монда буданд.

— Бино ба гузориши ҳамкоронамон дар минтақаи Айнӣ, ҳудуди 450 нафар ронандаву мусофирон саргардон буданд. Дирӯз ширкати роҳи IRS ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷбур шуданд ронандагону мусофирони дар миёни роҳ мондаро бо нону обу нӯшокӣ, ҳасибу шириниҳои гуногун, ҳамчунин ғизои гарм таъмин намоянд. Бино ба ахбори расмӣ, мақомот беш аз 60 кило биринҷро оши палав пӯхтаву ба мусофирону ронандагон тақсим кардаанд,- меафзояд манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои куҳӣ то қатъи боришот ва бартараф гардидани хатари лағзиши тарма худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *