Ҳушдори вазири нақлиёт

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим тамбашавии роҳҳоро яке аз чолишҳои ҷиддии соҳаи нақлиёт ва роҳсозӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ин мушкил ҳалли таъхирнопазирро талаб мекунад.

Ӯ ин нуктаро зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти 9 моҳи соҳа баён намуда, таъкид кард, ки афзоиши аҳолӣ ва миқдори мошинҳо, бахусус дар пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар, сабаби асосии тамбашавиҳо мебошад.
“Тамбашавиҳо боиси дер расидани мардум ба кор, садамаҳо, харҷи зиёди сӯзишворӣ, ифлосшавии ҳаво ва асабонияти ронандагону мусофирон мегардад. Ин вазъ ҳатто ба кори хадамоти таъҷилӣ, ба монанди ‘Ёрии таъҷилӣ’, халал мерасонад”, – афзуд ӯ.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт, то 1-уми октябри соли ҷорӣ дар кишвар 701 ҳазору 231 воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10,8% бештар аст. Танҳо дар Душанбе шумораи мошинҳо ба 145 ҳазор наздик шудааст.

Вазири нақлиёт аз сохторҳои марбута талаб кард, то дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор пешниҳодҳои мушаххас ва тадбирҳои таъҷилӣ барои коҳиши тамбашавиҳо манзур намоянд.

Пештар масъулони шаҳрдории Душанбе низ изҳори нигаронӣ карда буданд. Муовини раиси шаҳр пешниҳод намудааст, ки истифодаи мошинҳои шахсӣ дар маркази пойтахт маҳдуд ва ҳаракат бо пардохти маблағ сурат гирад.
Сарфи назар аз амалигардонии як қатор чораҳо, аз қабили бастани гузаргоҳҳо, сохтани истгоҳҳои нав ва пешниҳоди сохтмони метро, вазъ беҳбуд намеёбад, ки ин боиси нигаронии шаҳрвандон ва меҳмонон гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *