Ҷалби 30 ҷудокори тоҷик ба тамринҳои дастаҷамъона дар Тошканд

28-уми август дар шаҳри Тошканд ҷамъомади таълимии байналмилалӣ оғоз шуд, ки дар он беҳтарин варзишгарони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Молдавия, Исроил, Туркия ва дигар давлатҳо иштирок доранд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон иборат аз 30 варзишгар ба ин ҷамъомад таҳти роҳбарии мураббиёни кишвар ва мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори сафарбар гардидаанд.

— Ҳадаф аз баргузории ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ омодагӣ ба Бозиҳои дарпешистодаи Осиёӣ дар Ҳангжоу, мусобиқоти калони Гранд Слам дар Боку ва Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия мебошад. Баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Тошканд дастаи мунтахаби кишвар аз 11 то 18-уми сентябр тамринро дар Душанбе идома медиҳад,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёӣ оид ба ҷудо аз 24 то 27-уми сентябр баргузор мешаванд. Бозиҳои осиёӣ сатҳи баландтарини мусобиқоти бисёрҷониба буда, аз рӯи сатҳ ва шиддати худ пас аз Бозиҳои олимпӣ ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва ҳар 4 сол як маротиба баргузор мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *