Навоҳии осебдида: Корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ идома доранд

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, дар навоҳии аз селҳои ахир осебдида корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ бо ҷалби сокинон ва техникаи муҳандисии КҲФ, мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва сохторҳои дигар идома доранд.

Шаҳри Ваҳдат

31-уми августи соли 2023 дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат корҳои зерини бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ анҷом шудаанд:

— Бо ҷалби зиёда аз 500 нафар сокинони деҳаҳои мазкур бо ҳамроҳии 40 нафар хизматчиёни ҳарбии қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳашар корҳои тоза кардани қубурҳои обгузари ҳудуди ноҳия, биноҳои истиқоматӣ, роҳҳои байни деҳаҳо, кӯчаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳои кишвар барои анҷом додани корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ 8 адад техникаи муҳандисӣ ҷудо намудааст. Дар натиҷаи корҳои анҷомдода гузаргоҳҳо ва 1 пули роҳ дар деҳаи Симиганҷ аз хоку лой тоза карда шудааст.

Бо роҳбарии муовини раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозод ҷаласаҳои ҳаррӯзаи Ситод оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Ваҳдат гузаронида мешаванд.

Ноҳияи Варзоб

31-уми августи соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Ғусғарфи ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзоб бо мақсади рафъи оқибатҳои офати табиӣ корҳои зерин анҷом дода шудаанд:

— Хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии Кумита хонаву ҳавлиҳо ва иншооти ёрирасонро аз гил ва санг, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, тоза намудаанд.

Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ дар деҳаи зикршуда 150-200 метр канори рӯдхона аз хоку санг тоза карда шуда, айни замон корҳо идома доранд.

Ноҳияи Рӯдакӣ

31-уми августи соли 2023 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, Чоряккорон, Чортеппа, Навобод ва Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ корҳои зерин анҷом дода шудаанд:

— Бо мақсади расонидани кумак ба оилаҳои зарардида бо ҷалби зиёда аз 350 нафар сокинони деҳаҳои мазкур ҳудуди 27 бинои истиқоматӣ, 3 бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳҳои маҳаллӣ, кӯчаҳо аз селовардаҳо тоза карда шудаанд.

Бо ҷалби 4 адад техникаи муҳандисӣ роҳи деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, роҳи Душанбе-Ҳисор ва шоҳроҳи байнишаҳрии ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ ва Навободи ноҳияи Рӯдакӣ аз хоку лой тоза карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *