Ҷарроҳӣ бо усули муосир

Чанд рӯз қабл дар шуъбаи ҷарроҳии умумии МД “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” бо роҳбарии ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор, ҷарроҳ ва эндоҷарроҳ Нуриддин Муҳиддин сеюмин маротиба дар Тоҷикистон ва аввалин бор дар муассисаи номбурда бо ташхиси гиреҳи сипаршакл ба бемор, сокини шаҳри Душанбе Инобат Хайруллоева амалиёти ҷарроҳии буриши ғадуди сипаршакл бо усули ҷадид – ба таври эндоскопӣ, яъне бе буриши зиёди ҷисми бемор бо муваффақият гузаронида шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки қаблан дар Тоҷикистон барои чунин беморон ҳамагӣ ду маротиба – моҳҳои январ ва октябри соли 2022 бо усули эндоскопӣ амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда буд.

КомронБолтуев, табиби ҷарроҳ, ки бо роҳбарии доктори илмҳои тиб, профессор Нуриддин Муҳиддин амалиёти ҷарроҳии мазкурро гузаронидааст, иброз медорад, ки маъмулан амалиётҳои ҷарроҳӣ барои ингуна беморон ба таври кушода гузаронида мешаванд, ки чунин ҳолат агар аз як ҷониб бинобар сабаби буриши девораи пеши гардан ба намуди эстетикии бемор таъсир расонад, аз ҷониби дигар муҳлати табобат ва бистарии беморро низ дар беморхона зиёд менамояд.

Ба гуфтаи номбурда, бартарияти усули нави ҷарроҳӣ дар он аст, ки дар девораи пеши гардани бемор захми пас аз ҷарроҳӣ мушоҳида намешавад ва барои гирифтани ғадуди зери сипаршакл ба таври эндоскопӣ танҳо се захми аз 0,5 см то 1 см гузаронида мешаванд, ки ин ҳолат барои бемор бисёр сабук аст.

Бинобар ин, дар бемор дардҳои зиёди пас аз ҷарроҳӣ мушоҳида карда намешаванд ва ҳамзамон муҳлати бистарӣ гардидани беморон дар беморхона низ хеле кам мегардад. Масалан, агар пас аз амалиёти ҷарроҳии кушода ингуна беморон то 10 рӯз дар беморхона бистарӣ гарданд, бо усули эндоскопӣ онҳо баъди аз 3 то 5 рӯз ба хона рухсат дода мешаванд.

Бемор, сокини шаҳри Душанбе Хайруллоева Инобат мегӯяд, шаш моҳ пеш ташхис нишон дод, ки ӯ гирифтори бемории ғадуди зери сипаршакл мебошад ва ин ҳолат боиси нафастангӣ, аз ҳуш рафтан, асабоният ва беиштиҳоии номбурда гашт.

Хушбахтона, баъди амалиёти ҷарроҳӣ бо усули эндоскопӣ ҳолати нафаскашии бемор пурра барқарор шуда, нишонаҳои қаблии ин беморӣ аллакай дар ӯ гум шудаанд ва номбурда ҳоло худро хеле хуб ҳис мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки бемории ғадуди зери сипаршакл бемориест, ки бештар дар синну соли аз 20 то 40-сола мушоҳида мешавад.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки имрӯзҳо дар кишвар тамоми амалиётҳои ҷарроҳӣ, ки ба намуди эстетикии беморон таъсири манфӣ намерасонанд, бо муваффақият гузаронида мешаванд.

Мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ки минбаъд имкон ҳаст, то чунин беморон ба таври эндоскопӣ дар мамлакат ба амалиёти ҷарроҳӣ фаро гирифта ва табобати онҳо бо чунин усули замонавӣ пурра ба роҳ монда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *