Сардори бахши кадрҳои Трамп аз Тошканд будааст
Серхио Гор – роҳбари дафтари кадрҳои Президенти ИМА Доналд Трамп зодаи шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон будааст. Рӯзномаи Times of Malta ва OCCRP (Лоиҳаи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи ҷиноятҳои муташаккил ва фасод) дар ин бора хабар дода, менависад, ки номи аслии Серхио Гор Сергей Гороховский будааст.
Серхио Гор дар Иттиҳоди Шуравӣ зода шуданашро пинҳон мекард. Ӯ ба саволҳо дар бораи зодгоҳаш посухи мушаххас намедод, танҳо ишора мекард, ки “аз Русия нест”. Пештар расонаҳо менавиштанд, ки Серхио Гор муҳоҷире аз Малта мебошад. Вале ахиран OCCRP ҳуҷҷати расмии тасдиқшудаи моликияти амволи ғайриманқулро дар Малта ба даст овардааст, ки тибқи он зодгоҳ ва ному насаби аслии Гор собит гардид.
Бино ба гузориши OCCRP Серхио Гор, рӯзи 30-юми ноябри соли 1986 дар Тошканд таваллуд шудааст. Хонаводаи ӯ баъдан ба Аврупо ҳиҷрат карда, панҷ сол дар Малта зиндагӣ кардаанд. Модараш, ки шаҳрвандии Исроилро доштааст, дар он ҷо ширкат сабт намуда, дар шаҳри Коспикуа амволи ғайриманқул харидааст. Соли 2021 Серхио Гор ҳамин хонаро аз ширкати модараш бо нархи 255 ҳазор евро харидорӣ намудааст. Дар санади нотариалии моликият, ки бо он амали харид тасдиқ шудааст, маҳали таваллуди ӯ пойтахти Ӯзбекистон, шаҳри Тошканд зикр шудааст.
Баъдан, хонавода ба ИМА кӯч баста, Гор шаҳрвандии Амрикоро гирифтааст ва ба фаъолияти сиёсӣ пардохтааст. Ӯ аввал дар дафтари сенатори ҷумҳурихоҳ Рэнд Пол, баъдан дар ситоди интихоботии Доналд Трамп фаъолият кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ