Ҷарроҳӣ бо усули нав дар Панҷакент
Шаҳри Панҷакент ба усулҳои нави ҷарроҳӣ дастрасӣ пайдо кард. Табибони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дар беморхонаи марказии шаҳр, шуъбаи эндоҷарроҳӣ амалҳои нави ҷарроҳиро дар минтақа бомуваффақият анҷом доданд.
Беморон бо истифода аз усулҳои миниивазивӣ, аз ҷумла бартараф намудани чурраҳои девори пеши шикам, чурраҳои қадкашак бо гузоштани тури синтетикӣ ва экстирпатсияи бачадон бо тарзи лапароскопӣ ҷарроҳӣ ва табобат шуданд.

Агар қаблан муддати барқароршавӣ 6 -7 рӯз ва давраи бозгашт ба фаъолияти меҳнатӣ 4-6 моҳро ташкил медод, акнун беморон пас аз як шабонарӯз дар беморхона рухсат шуда, баъди як моҳ метавонанд ба кор баргарданд.
Ҳамзамон, табибони пойтахт бо табибони шаҳри Панҷакент раванд ва натиҷаҳои амалиётҳоро муҳокима намуда, малакаи касбии кадрҳои ҷавонро баланд бардоштанд. Ин иқдом ба беморон имкон медиҳад, ки бе сафар ба дигар шаҳрҳо, дар Панҷакент аз муолиҷаи муосир баҳра баранд ва саломатии худро беҳтар созанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ