Ҷонфидои миллат. Ёде аз Ҷонибеки Қувноқ – сафири фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Соле дигар гузашту умеди дигар гузашт,

Оваҳ, ки то шудем хабар, бехабар гузашт.

Тақвим монд чун қафасе холӣ аз ҳазор,

Умр аз миёна ҳамчу ҳазоре ба пар гузашт

Рашиди Ёсимӣ

Агар зиндагии устод Ҷонибеки Қувноқ (10-уми ноябри соли 1941 – 6-уми ноябри соли 1990) идома пайдо мекард, имрӯз ба зинаи ҳаштоду чоруми умр қадам мениҳод. Маҷмуаҳои дар нашриётҳои Душанбе батабърасидаи ашъораш “Қарз”, “Ифтихор”, “Арзи дил”, “Розҳо”, “Зангӯла”, “Саховат” (пас аз маргаш), қиёфаи дӯстпазир, табассуми дилкаш, суҳбатҳои хотирмони ӯ, инчунин хабари мудҳишу ҷонкоҳи фавташ, хусусан, имрӯзҳо ҳар лаҳза ёди моро банд медорад.

Хабари марги бемаҳали устод Ҷонибек дар шаҳри Тошканд, тамоми аҳли деҳаи Порашт ва атрофи онро ба по хезонд. Хурду калон нолаву шеван мекард. Порашт – зодгоҳи шоир, мотам дошт. Оё метавон насӯхт баҳри касе, ки солҳои сол фидокорона барои рушду камоли миллат, халқ, Ватан фидокориҳо зоҳир намудааст? Не, Ҳаргиз! Марг поёни ҳама чиз нест. Ҷонибек, чуноне ки дар дилу дидаи мо ҷой гирифта буду эҳтиромаш мекардем, ҳамчунон ҷой дорад, эҳтиромаш мекунем.

Тавре шоир фармудааст:

Ҳар некниҳод некият медонад,

Саркардаи хайли ростон мехонад.

То некию ростӣ дар олам боқист,

Номи хуши ту вирди забон мемонад.

Соли 1990, 6-уми ноябр. Дар дафни Ҷонибеки Қувноқ ёру дӯстон, ҳамкорон аз рӯзномаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (“Овози тоҷик”-и ҳозира) ва намояндагони роҳбарияти ноҳияи Фориш иштирок доштанд. Аз шаҳри Душанбе адибону рӯзноманигорон устодон Лоиқ, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Иноят Насриддин, Давлати Даврон ва Қироншоҳи Шарифзода ба ҷанозаи Ҷонибек омаданд.

Вале бинобар дурии роҳ меҳмонони душанбегӣ каме дертар, ҳангоме расиданд, ки мардум ҷанозаро дафн кардаву аз оромгоҳ беруншавӣ доштанд. Меҳмонон ҳангоми бозгашт аз қабристони деҳа дар хонаи Холибек Қувноқов, омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаб, бародари Ҷонибек муддате таваққуф намуданд.

Аҳли деҳа аз дер расидани меҳмонони олиқадр ба ҷанозаи дӯсташон афсӯсу надомат доштанд, вале аз ҷониби дигар ба Порашт қадам ранҷа фармудани адибони маъруфи тоҷик барояшон боиси ифтихор низ буд, бинобар ин, мӯйсафедону муаллимон бо нияти чанд рӯз меҳмондорӣ кардани онҳо маслиҳат карда, ба меҳмонон пешниҳод намуданд. Чашмони пурмеҳру интизори мизбонон ба сӯйи устод Лоиқ дӯхта шуданд, чун пораштиён аз дӯстиву бародарии шоири ҳамдеҳаашон бо устод Лоиқ огоҳ буданду ифтихор доштанд.

Вале устод Лоиқ, ки то ин дам бо чашмони пурнам хомӯш буду гоҳ-гоҳ зери лаб “эҳ, Ҷонибек, эҳ, Ҷонибек” мегуфт, бо овози шунаво садо даровард:

– Сад ҳайфу дареғ, ки ақаллан рӯйи сарди Ҷонибекро надидем… Бе Ҷонибек дар зодгоҳи ӯ чӣ хел истему меҳмон шавем? Ба дил намеғунҷад, охир… Мо ният доштем ва ба Ҷонибеки азиз қавл ҳам дода будем, ки ноябри соли оянда дар таҷлили панҷоҳсолагиаш ба Порашт меоем…

Устод Лоиқ пас аз лаҳзае хомӯшӣ идома дод:

– Охир, Ҷонибек фарзанди танҳо Порашт ё Ӯзбекистон нест, балки ӯ шоири тамоми мардуми тоҷик аст, гузашта аз ин, ӯ сафири фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд.

Бале, Ҷонибеки Қувноқ хидмат ба миллат, заҳмат баҳри мустаҳкамии риштаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро қарзи фарзандии хеш медонист, чуноне ки дар як шеъраш овардааст:

Ман – бехсӯзи зиллат,

барбоддеҳи иллат,

Як ҷонфидои миллат,

бо ин нишон шиносед!

Шоир орзуву ниятҳои наҷиб дошт. Аммо ҳазор афсӯс! Ҷояш дар муҳити адабии тоҷикони Тошканду Бухорову Самарқанд холӣ монд. Ба ин муҳит ӯ дер омаду зуд рафт. Барқвор зист, равшанӣ афканд. Чӣ хуш аст, ки шогирдони арзандаю вафодораш чун Паймон, Абдулло Субҳон, Тоҷибойи Икром корашро давом дода, набудани ӯро маълум намекунанд.

Ёдномаи хешро бо порчае аз шеъри “Ба ёди устод Ҷонибек”-и Абдулло Субҳон ба поён мерасонам:

Аз таппиш монд диле ду тақсим,

Шаҳпуле байни ду соҳил бишкаст.

Тоҷик он сӯй хӯрад сад афсӯс,

Ӯзбек ин сӯй басо ғамгин аст.

Собир ЭРГАШЕВ,

омӯзгори собиқадор аз деҳаи Порашт, ноҳияи Фориши Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *