Ӯзбекистон содироти равғанро манъ кард (аудио)

Аз 1-уми июн Ӯзбекистон содироти равғани растанӣ ва пахтаро манъ кардааст.

Дар робита ба ин Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 31-уми май фармон «Дар бораи чораҳои иловагӣ барои таъмини арзиши муътадили бозор»-ро имзо кард.

Ҳамчунин, бино ба фармони мазкур аз 1-уми июн Ӯзбекистон содироти донаи офтобпараст ва дигар донагиҳое, ки барои истеҳсоли равған пешбинӣ шудаанд, манъ шудааст.

Гуфта мешавад, ки Девони вазирони Ӯзбекистон метавонад дар сурати ба таври кофӣ таъмин шудани бозори дохилӣ аз ин маҳсулот манъи содироти онро бекор созад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *