Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон

Имрӯз, 2-юми июн Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ӯзбекистон сафар кард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

“Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Бонки миллӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот», раиси вилояти Суғд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд”,- иттилоъ додааст маркази матбуоти Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *