1 –уми июл оғози имтиҳон. Маркази миллии тестӣ ба довталабон чанд тавсия додааст

Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз 1 июл оғоз мешавад.

Ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон, марказҳои имтиҳонӣ дар 18 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ташкил карда мешаванд.

Муқаррар гардидааст, ки теъдоди довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар зиёд набошанд.

Дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо муҳр ва сурат зикр шуда, таъкид гардидаст, ки довталаб иҷозати гирифтани танҳо ду ручкаи рангаш сиёҳро бо худ дорад.

«Ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ, телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор қатъиян манъ мебошанд», — мегӯяд манбаъ.

Раванди имтиҳонҳо дар ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ аз тариқи онлайн дар Марказ пахш карда мешавад. Марказ барои он тамоми таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *