Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Иқтисодиёти Тоҷикистон қоматашро рост мекунад, агар…

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мегӯяд, ки соли 2021 вазъи иқтисоди Тоҷикистон беҳтар мешавад. Аммо ба шарте, ки монеаҳои мавҷуда дар фаъолияти соҳибкорон бартараф гарданд. Ӯ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт:

“Имсол нисбат ба соли 2020 вазъ  беҳтар мешавад. Азбаски  бемории сироятии коронавирус дар соли гузашта ба иқтисодиёти кишвар таъсири амиқ расонд, дар соли 2021 он камтар мешавад. Зеро мушоҳида менамоем, ки  сатҳи бемории сироятӣ рӯ ба коҳишёбист. То моҳҳои май- июн  ин беморӣ аз байн меравад. Корхонаҳо  ва соҳибкорон  баъди коранавирус қоматашонро рост мекунанд. Ба ғайр аз ин, чандин лоиҳаҳои ба воридоту содироти маҳсулот нигаронидашуда бояд ягон натиҷаи дилҳоҳ диҳанд”,-гуфт доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

https://pressa.tj/tajikistan/Ҳoҷimuҳammad-umarov-kambaғalӣ-sharmandagist-қismi-duyum/

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров омилҳои беҳтар кардани иқтисодиёти кишварро, пеш аз ҳама дар истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ медонад. “Истифодаи дуруст аз ашёи хоми маҳаллӣ ва ивазкунандаи воридот омили муҳими рушди иқтисодиёт аст.  Вақте ки таносуби воридот бештар мешавад, ба иқтисодиёт хатар таҳдид мекунад. Сухан дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ ва либосворӣ аст, ки бештар аз хориҷа ворид мешавад. Бинобар ин, соли 2021 интизор дорем, ки дар масъалаи сиёсати табодули воридоту содирот корҳои назар анҷом меёбанд. Ин масъаларо аз аз мардуми одӣ то сатҳи мақомоти болоӣ дарк мекунанд”,-гуфт Умаров.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров  аз ҷонибдорони аъзо шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳаст. Оё Тоҷикистон дар соли 2021 вориди ин иттиҳоди иқтисодӣ мешавад? Дар ин бора ӯ чунин назар дорад: “Ман ҳамеша ҷонибдори шадид дар пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОёсиё ҳастам. Аммо Тоҷикистон бояд  аввал ба сифати мушоҳид вориди ин созмони тиҷоратӣ шавад. Вақте ки намояндаи мо ба ҳайси мушоҳидакор ба ин созмон баромад мекунад, бурду бохт ва дар гирифтани маълумот имконият бештар хоҳад шуд.  Вақте ки омори расмӣ дастрас мегардад,  он вақт метавон ба ворид шудани кишвар ба иттиҳод чуқуртар андеша кард”.  

Воқеан ҳам, 2021 барои Тоҷикистон соли таърихӣ хоҳад буд. Дар ин сол 30-солагии давлати мустақили Тоҷикистон таҷлил мешавад. Инчунин, дар ин сол чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *