15 соли зиндонӣ шудани зархариди кӯлобӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини 29-солаи шаҳри Кӯлобро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Ҷовидон Ҳакимов барои ҷалби ҷавонон ба ҷанг дар Сурия, гунаҳкор дониста мешавад.

Мурофиаи ниҳодии парвандаи Ҷовидон Ҳакимов рӯзи 30 март дар бинои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд ва додрас Баҳодур Шарифзода ҳукми ин сокини Кӯлобро ба иттиҳоми «зархаридӣ» ва «ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ» эълон кард. Дар мурофиаи рӯзи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ дар нисбати Ҷовидон Ҳакимов 18 соли зиндон талаб карда буд.

Моҳира Мирзоалиева, вакили дифои Ҷовидон Ҳакимов гуфт, ки волидони зерҳимояаш аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Муҳаббат Ҳакимова, модари Ҷовидон  гуфтааст, ки додгоҳ гуноҳи писарашро исбот карда натавонист ва ӯро ғайримунсифона барои 15 сол равонаи зиндон намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *