15 ва 20 ҳазор сомонӣ. Дар ДСТР ҷавононро ҳавасманд мекунанд
Ҷавонони то 35-сола, ки рисолаи номзадиву докторӣ ҳимоя мекунанд, ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ин нукта дар нишасти матбуотии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия қайд гардид.
Файзулло Машраб — ректори ин донишгоҳ гуфт: «Ҷавонони то 35-солае, ки ҳимоя мекунанд, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 20 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд».
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ