3 китоби Сафар Абдуллоҳ дар Хуҷанд аз чоп баромад

 Ба иттилои ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” китобҳои  “Нардбони худшиносӣ”, “Сеҳри сухан” ва “Дар оинаи андешаҳо”-и шоир, адабиётшинос ва пажӯҳишгари тоҷик  Сафар Абдуллоҳ ба нашр расидааст.

Китбоҳои номбурдаро нашриёти “Ношир”- и шаҳри Хуҷанд ба табъ расонидааст.

Китоби якум- “Нардбони худшиносӣ” мунтахаби ашъори Сафар Абдуллоҳ буда, ғазалиёт, сӯгнома, мухаммас, қитъа ва чаҳорпора, рубоиву дубайтӣ, шеъри сапед ва ошиқонаҳои шоирро дарбар мегирад.

Китоби дуввум – “Сеҳри сухан” мақолаҳои Сафар Абдуллоҳро дар бораи масъалаҳои печидаи адабиёти классику муосири тоҷик ва забоншиносиву чеҳранигорӣ фаро мегирад.

Китоби сеюм – “Дар ойинаи андешаҳо” корномаи илмиву адабӣ ва пажӯҳишҳои арзишманди Сафар Абдуллоҳро фаро гирифта, дар чанд бахши поёни он “меҳрномаҳо ба ифтихори 70-солагии адабиётшинос” гирдоварӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *