30 сол ҳукм барои куштор дар Конибодом

Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов, ду сокини ноҳияи Мастчоҳ бо гумони куштори ҳамкорашон Амрулло Боймирзоев 30 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.  

Амрулло Боймирзоев шаби 22 ба 23-юми октябри соли 2024 дар ҷамоати Патари Конибодом кушта пайдо гардид. Ӯ дар коргоҳи коркарди пахта кор мекард ва дар шароити мармуз ба қатл расонида шуд.

Амрулло Боймирзоев

Бо гумони куштор мақомот Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддиновро, ки бо Амрулло Боймирзоев якҷо дар корхонаи коркарди пахта дар ин шаҳр кор мекарданд, боздошт намуданд.

Он замон Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин ҳодиса гуфта буд, ки дар робита ба куштори Боймирзоев ду ҳамкори ӯро боздошт кардаанд ва онҳо “бар пояи хусумат ва барои ба даст овардани пули корхона” даст ба ҷиноят задаанд.

“Мақсади содир кардани ҷинояти одамкушӣ – ин ба даст овардани маблағи пулӣ мебошад, ки рӯзи ҳодиса ба корхонаи пахтатозакунӣ бояд ворид шуда, ҷабрдида Амрулло Боймирзоев бевосита бо он сарукор доштааст”,- навишт РВКД дар вилояти Суғд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки Боймирзоевро “бо расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо истифода аз чӯбдаста ва бӯғӣ кардан тавассути ресмони синтетикӣ ба ҳалокат мерасонанд”.

Пайвандони Беҳзодҷон Холзода ва Муслиҳиддин Фахруддинов ба расонаҳо гуфтаанд, ки аз ҳукм розӣ нестанд ва аз болои он шикоят мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *