30 соли Тоҷикистону Амрико дар Душанбе таҳлил шуд

Муносибатҳои 30-солаи Тоҷикистон ва Амрико субҳи имрӯз дар Душанбе таҳлил гардид ва дар гирди мизи мудаввар рӯзноманигорон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон доир гашт ва рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд, филми мустанади «Армуғони дӯст» ба намоиш гузошта шуд. Он мустанад аз муносибатҳои Тоҷикистон ва Амрико дар тӯли 30 сол мегуфт ва ба дастгириҳои ин ҷониб таъкид мекард.

Ҳурринисо Ализода, рӯзноманигор ва раиси Шӯрои ВАО дар Тоҷикистон, гуфт, рӯнамоӣ шудани муносибатҳои се даҳсола дар ин муддати кӯтоҳ душвор аст ва инро сарфи назар набояд кард.

Пешниҳод шуд, ки фаъолияти рӯзноманигорӣ ва журналистикаи ду кишвар ба ҳамин тарз муаррифӣ шавад ва ҷонибҳо табодули таҷриба дошта бошанд.

Парвиз Муборакшоев, намояндаи сафорат дар ин чорабинӣ аз лоиҳаҳои кишвари Амрико дар Тоҷикистон гуфт ва афзуд, ки “ҳар гуна пешниҳоде барои пешбурди қисм ба қисми кишвар доред, ба сафорати Амрико дар Тоҷикистон муроҷиат кунед”.

Шаҳноза Комилзода, хабарнигори телевизиони Iron — internation дар Тоҷикистон, аз ин мустанад гуфт ва арқоми ин ҷо гирдомадаро хеле муҳим арзёбӣ кард.

Абдумалики Қодир ва Набӣ Юсуф, рӯзноманигорони шинохта низ оид ба муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Амрико ибрози назар карданд.

Мазбут Қосимов, журналисти дигар, гуфт, ки дар равобити байналмилалӣ воридшавии сиёсатҳо дар кишвар ва минтақа муҳим аст.

Ёдовар мешавем, Амрико аз нахустин мамлакатҳое буд, ки соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро расман шинохт ва ин нишаст низ ба таҷлили 30-солагии муносибатҳои ҳасана байни ду кишвар доир гашт.

М. РАҲМАТ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.