31,8 фоиз низомномаи Стипендияи «Дурахшандагон» риоя нашуд (аудио)

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи маориф ба  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон супориш дод, ки оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷ тадбирҳои амалӣ андешад.

Ҳамчунин, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” муассисаҳои олӣ ва илмии давлатҳои хориҷиро хатм кардаанд, мусоидат намоянд.

Ин масъала 26 апрел дар  маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо додааст.

Бино бар иттилои маркази матбуоти Сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст ҳисоботи раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, дар бораи вазъи таҳсили шаҳрвандони  Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, самаранок истифода бурдани Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ва бо ҷойи кор таъмин гаштани онҳо дар давраи солҳои 2018-2022 гузориши муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён шунида шудааст.

Матлубахон Сатториён

Таъкид гардидааст, ки сафарбар намудан ва таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур ҳамасола зиёда аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Ҳарчанд шумораи зиёди хатмкардагон дар ҳошияи Стипендияи “Дурахшандагон” ба ҷойҳои корӣ ҳозир шудаанд, вале аз рӯи таҳлилҳо маълум мегардад, ки 31,8 фоиз тибқи тартиби муқарраргардида амал накардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.