40 фурӯшандаи гӯштро дар Душанбе ҷазо доданд
Милитсияи Душанбе дар пайи як санҷиш дар бозору марказҳои савдои пойтахт 40 ҳолати аз меъёр гарон фурӯхтани маҳсулоти гӯштӣ ошкор намуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва прокуратура дар бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, “Фаровон”, “Ховарон” ва дӯкону марказҳои савдои бузург “корҳои фаҳмондадиҳӣ” гузаронида истодаанд.
Дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамзамон нисбати нафароне, ки дидаву дониста маҳсулотро аз меъёри муайяншуда гарон мефурӯшанд, барои фиреби истеъмолкунандагон бо моддаи 627 ва барои худсарона баланд бардоштани нархи махсулот бо моддаи 555 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд”, навиштааст манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ