5 ҷавонмард  дар Фахробод ҳалок шуданд

Бар асари як садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Душанбе, панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳодиса нимарӯзи 29 январ рух додааст ва ҳамаи қурбониён ҷавонони аз 23-26 сола ва сокинони «Маҳаллаи Дарвоз»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе будаанд. Ба гуфтаи наздикони қурбониёни ин ҳодиса, мошини тамғаи «Мерседес» ҳини бозгашт аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба пойтахт, дар ағбаи Фахробод ба ҷарӣ сарозер шуда ва ҳамаи панҷ сарнишин дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. Дар бораи сабабҳои рух додани ин ҳодиса чизе гуфта нашудааст. Маросими ҷанозаи ин панҷ ҷавонон имрӯз, 30 январ дар «Маҳаллаи Дарвоз»-и (Мясокомбинат) ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *