Исроил бо Тоҷикистон ҳамфикр аст

Моҷарои байни ширкатҳои тоҷикӣ ва ширкатҳои авиатсионии русӣ, ки аз тирамоҳи соли ҷорӣ ба ин тараф сари фурӯдгоҳи Жуковский идома доранд,  ба худ маҷрои нав ёфт.

Ҳоло Исроил низ аз сабаби он,ки аз фурудгоҳи ҷангҷолбарангези Жуковский ба шаҳри Тел- Авив ширкати “Уралские авиалинии” парвоз анҷом доданист, муқобили ин парвозҳо баромадааст. Ба гуфти Исроил, фурӯдгоҳи Жуковский низ марбут ба шаҳри Маскав аст ва  он фурӯдгоҳи минтақавӣ нест. Бинобари ин, парвозҳо аз ин фурудгоҳ шартҳои паритет(баробарии) парвозҳоро вайрон мекунад ва тавозуни барвозҳо барҳам мехурад. Исроил иҷозати парвоз аз ин фурӯдгоҳро ба тайёраҳои русӣ надодааст. Ёдовар мешавем, ки то ҳол роҳи ҳалли онро дар Тоҷикистону Русия низ наёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *