50 миллион доллар қарзи Қатар барои “Роғун”

Фонди рушди Қатар барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад.

Созишномаи ин қарзро Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори генералии Фонди Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ  23-юми август, дар шаҳри Душанбе имзо карданд.

“Ҳадафи лоиҳа ин саҳм гузоштан ба амнияти миллии энергетикӣ ва дастгирии рушд дар Тоҷикистон бо роҳи таъминоти нерӯи барқи барқароршаванда барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ ва тавсеаи тавлиди нерӯи барқи дохилӣ ва минтақавӣ тавассути истеҳсоли энергия мебошад”,-иттилоъ медиҳад вазорати молия.

Ҳамчунин, ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои дуҷониба, имкониятҳои тавсеа додани он, ҷалби Фонд дар татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки давлатӣ мубодилаи афкор намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *