61 миллион зарари молиявии корхонаи “Зарафшон”

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон давоми 9 моҳ дар корхонаю идораҳо 206 санҷиш гузаронда, ба маблағи 214 млн сомонӣ зарар ошкор кард.

Муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикис¬тон Сулаймон Талбакзода хабар дод, ки зарари молиявии нисбатан калон асосан зимни тафтиши корхонаи муштараки «Зарафшон» ошкор шудаст, ки қариб 61 млн сомониро ташкил медиҳад.
Корхонаи мазкур якҷоя бо сармоягузории Чин фаъолият карда, калонтарин тавлидкунандаи тило дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тавр, дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш 12 млн сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус — 5,5 млн. сомонӣ, дар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ — беш аз 5 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудаст.
“Аз ҷумлаи камбудиҳоши ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ, тасарруф, изофанависӣ, талафи воситаҳои пулӣ ва пинҳонсозии андозҳо буданд” хабар медиҳад, манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *