Дар хуни Нурмуҳаммадов допинг ошкор шуд. Ӯ аз унвони қаҳрамонӣ маҳрум мешавад?

Дар хуни чемпиони Bellator яке аз номояндагони оилаи маъруфи варзишкорони доғистонӣ допинг ошкор шуд. Допинг дар ҳоле ошкор шуд, ки ӯ пас аз пирӯзиаш ба Брант Примус ташхис супорид. Усмон Нурмуҳаммадов аз ин қазия изҳори таассуф кард.

Усмон Нурмуҳаммадов, ки акнун ҳақи ним сол ширкат дар муҳорибаҳоро надорад, ин қазияро чунин шарҳ дод:
“Чанд моҳ пеш аз муҳориба ман аз даври табобат гузаштам, аммо мутаассифона, комиссияи варзиширо пешакӣ огоҳ накардам”, — гуфт ӯ.
Усмон Нурмаҳаммадов аз наздикони размикори маъруф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад, ки 25 сол дорад. Вай дар 17 муҳорибаи касбӣ 17 пирӯзӣ ба даст овардааст.
Феълан мухлисонаш аз он нигаронӣ доранд, ки шояд Нурмуҳаммадовро барои чунин амалаш аз унвони қаҳрамонӣ маҳрум кунанд. Ҳоло ин қазия дар ҳоли омӯзиш аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *